Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими Абдуллоҳ бозшумории раъйҳоро "масхараомез" номид


Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзад ба мақоми раисиҷумҳури Афғонистон, таҳдид кард, ки маъракаи бозшумории баргаҳои раъйдиҳиро дар Комиссиюни мустақили интихоботӣ тарк мекунад.

Фозил Аҳмад Маънавӣ, як узви аршади тими доктор Абдуллоҳ рӯзи 26 август раванди бозшумории раъйҳоро “масхараомез” номид ва гуфт, масъулини комиссиюн ҳатто дар андешаи лағви баргаҳои тақаллубӣ нестанд. Ба гуфтаи Маънавӣ, масъулини Комиссиюн талаби доктор Абдуллоҳ барои лағви баргаҳои тақаллубиро нодида гирифтанд. Ӯ ҳушдор дод, ки агар то субҳи рӯзи 27 август баргаҳои тақаллубӣ бекор карда нашаванд, Абдуллоҳ Абдуллоҳ раванди бозшумори раъйҳоро пурра тарк мекунад.

Қарор аст, ки шоми 26 август раисиҷумҳури феълӣ Ҳомид Карзай ду довталаби курсии президентӣ Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба ҳузур пазирад. Карзай мегӯяд, ки маросими савгандёдкунии раҳбари нави Афғонистон бояд рӯзи 2 сентябр баргузор шавад.

Комиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон рӯзи 7 июл хабар дод, ки дар даври дуввум Ашрафғанӣ Аҳмадзай 56,44 дарсад ва Абдуллоҳи Абдуллоҳ 43,56 дарсад овозҳоро дарёфт карданд. Абдуллоҳ ва тарафдоронаш ин рақамҳоро “тақаллубӣ” унвон карда, гуфтаанд, ки ин натиҷаҳоро “ҳеҷ гоҳ”эътироф нахоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG