Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил як бинои 7 ошёнаро дар Ғазза вайрон кард


Пулиси Ғазза мегӯяд, дар ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои Исроил дар шаҳри Рафаҳ як бинои маъмурии 7 ошёнаро ба хок яксон шуда ва як маркази тиҷоратии дутабақа бо даҳҳо фурӯшгоҳ сахт осеб дидааст. Ба гуфтаи пулис, дар ҳамлаи рӯзи 24-уми август дар маркази тиҷоратӣ 7 нафар захмӣ шудаанд. Бинои маъмурӣ ба вазорати умури дохилии Ҳамос тааллуқ доштааст. Ба гуфтаи табибон дар Навори Ғазза дар як ҳамлаи дигари ҳавоии Исроил дар шаҳраки Ғазза 2 нафар кушта шуданд ва 5 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Як рӯз пештар аз ин нерӯҳои Исроил як манораи 12 табақаиро дар шаҳраки Ғазза вайрон карданд. Айни замон артиши Исроил гуфт, ки ба Баландиҳои Ҷулони Сурия, ки Исроил ба қаламраваш ҳамроҳ кардааст, 5 мушак андохтанд, вале ин мушакҳо ба ҷойҳои беодам афтодаанд.

XS
SM
MD
LG