Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Навоз Шариф бӯҳрони Покистонро баррасӣ мекунад


Қарор аст, имрӯз Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, дар порлумон дар хусуси бӯҳрони сиёсӣ дар кишвараш суханронӣ кунад. Айни замон ҳазорон нафар дар назди бинои порлумон тазоҳурот доранд ва талабашон ин аст, ки ки Навоз Шариф истеъфо бидиҳад. Бо вуҷуди онки тазоҳургарони зиддиҳукуматӣ ба раҳбарии Имрон Хон сиёсатмадори мухолиф ва Тоҳир Қадрӣ як рӯҳонии муҳофизакору шӯҳратталаб бинои порлумонро муҳосира кардаанд, ба Навоз Шариф муяссар шудааст, ки ба онҷо ворид шавад. Мақомоти ҳукумати Покистон гуфтаанд, ки баъд аз суханронии Навоз Шариф дар порлумон дар рӯзи 21-уми август бо намояндагони Имрон Хон ва Қадрӣ гуфтугӯ мекунанд. Тарафдорони ин ҳарду гуфтанд, ки агар Навоз Шариф то рӯзи 20-уми август аз мақомаш наравад, бинои порлумонро ишғол мекунанд. Аммо баъд аз ҳушдори артиши қудратманди Покистон Имрон Хон аз ин раъйаш гаштааст.

XS
SM
MD
LG