Пайвандҳои дастрасӣ

Натиҷаи қуръакашии даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон - 2014


Ҷоми Тоҷикистон

Ҷоми Тоҷикистон

Дар Душанбе қуръакашии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон 2014 доир шуд.

Барои Ҷоми Тоҷикистон 15 даста мубориза мебарад. Рӯзи 20-уми август дар Душанбе қуръакашии 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон-2014 оид ба футбол баргузор шуд.Дар қуръакашии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол, ки рӯзи чоршанбе дар Душанбе, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон, доир шуд, ҳамаи 10 дастаи лигаи олӣ – «Истиқлол» (Душанбе), «Хайр» (Ваҳдат), «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Энергетик» (Душанбе), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан), «Равшан» (Кӯлоб) ва ССКА «Помир» (Душанбе), инчунин, панҷ дастаи лигаи аввал – «Саройкамар» (Панҷ), «Ҳосилот» (Фархор), «Эсхата» (Хуҷанд), «Ваҳдат» (Ашт) ва «Исфара» (Исфара», ки аз даври интихобӣ гузаштаанд, ширкат варзиданд. <

Бозиҳои аввали даври 1/8-ниҳоӣ 27-уми август, бозиҳои ҷавобӣ 8-уми сентябр баргузор мешаванд.

Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бар асоси қуръакашӣ барои Ҷоми Тоҷикистон-2014 аз даври чорякниҳоӣ мубориза мебарад. Рақибаш ғолиби ҷуфти «Хайр»/«Далерон-Ӯротеппа» мешавад.

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон имсол 22-юми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегардад.

Ҷоми Тоҷикистон-2014

1/8 финал. Бозиҳои аввал

27-уми август (чоршанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17.00

«Истиқлол» - «Хуҷанд»

«Ҳосилот» - «Исфара»

«Парвоз» - «Эсхата»

«Саройкамар» - «Ваҳдат»

«Хайр» - «Далерон-Ӯротеппа»

«Энергетик» - «Регар-ТадАЗ»

ССКА «Помир» - «Равшан»

1/8 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

8-уми сентябр (душанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16.30

«Хуҷанд» - «Истиқлол»

«Исфара» - «Ҳосилот»

«Эсхата» - «Парвоз»

«Ваҳдат» - «Саройкамар»

«Далерон-Ӯротеппа» - «Хайр»

«Регар-ТадАЗ» - «Энергетик»

«Равшан» - ССКА «Помир»

Mусобиқот барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 23-юм барпо мегардад. Ҳамагӣ 10 даста барандагони Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар – 6 бор дастаи “Регар-ТадАЗ” Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст.

Дарвозабони "Истиқлол" Алишер Тӯйчиев бо Ҷоми Тоҷикистон - 2013

Дарвозабони "Истиқлол" Алишер Тӯйчиев бо Ҷоми Тоҷикистон - 2013

Инчунин себорӣ дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва “Истиқлол”-и Душанбе барандагони Ҷом шудаанд. Дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ соҳибони Ҷоми Тоҷикистон гаштаанд. Дастаҳои “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷомро азони худ кардаанд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон:

1992 – «Помир» (Душанбе) - «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) - 0:0. Аз рӯи пеналтӣ - 5:3
1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар- ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ - 3:2
1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ - 4:2
2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 3:1.
2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Уротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 3:1
2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима (Душанбе) – 1:0.
2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009 – «Истиқлол» (Душанбе) - ССКА «Помир» (Душанбе) - 3:1
2010 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 5:0
2011 - “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - “Истиқлол” (Душанбе) - 1:0
2012- “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - “Истиқлол” (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 6:5
2013 – “Истиқлол» (Душанбе) - “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 2:0

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG