Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони курд ба ҳукумати Ироқ пайвастанд


Ҳушёр Зибарӣ, вазири умури хориҷии Ироқ гуфт, вазирони курдтаборе, ки аз кор дар ҳайати ҳукумати нахуствазир Нурӣ ал-Моликӣ даст кашиданд, дигарбора ба ҳукумат пайвастанд. Ӯ рӯзи 20-уми август гуфт, ки ба ҳайси вазири умури хориҷӣ ба Бағдод баргашт. Нурӣ ал-Моликӣ рӯзи 15 август эълон кард, ки аз мақомаш меравад ва аз номзадии Ҳайдар Ободӣ ба мақоми нахуствазир ҳимоят мекунад. Нурӣ ал-Моликӣ моҳи июн раҳбарони курдро ба хашм овард чун гуфт, ки онҳо ба террористон ва тундравони Давлатии исломии Ироқ паноҳгоҳ додаанд. Ҳушёр Зибарӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ба ҳукумати Ироқ барои маҳви ҷангҷӯёни тундрав кӯмак кунанд ва онҳоро на танҳо хатар ба аққалиятҳои Ироқ, балки хатар барои тамоми ҷаҳон хонд. Тундравони Давлати Исломии Ироқ, ки ҳадафашон таъсиси хилофати исломист, бахшҳои бузурге аз Ироқро ишғол кардаанд.

XS
SM
MD
LG