Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларза дар Обдонони Эрон чанд биноро хароб кард


Дар Эрон заминларза зиёд рӯй медиҳад (акс аз бойгонӣ)
Дар Эрон заминларза зиёд рӯй медиҳад (акс аз бойгонӣ)

Дар шаҳри Обдонони Эрон, воқеъ дар марз бо Ироқ, бар асари заминларзаи нерӯяш 6.3 дараҷаи Рихтер чанд кас маҷрӯҳ шуда, ба баъзе биноҳо осеб расидааст. Дар ин бора волии минтақа Муҳаммад Ризо Марворид хабар дод.

Ба иттилои Хадамоти геологии ИМА, маркази заминларза, ки субҳи рӯзи душанбе рӯй дод, дар 36 километрии шаҳри Обдонон воқеъ буд. Ларзиши замин дар вилоятҳои ҳамсояи Обдонон ҳам эҳсос шуд.

Эрон дар минтақаи заминларза ҷойгир шудааст ва аз ин рӯ ҳодисаҳои заминҷунбӣ дар кишвар зиёд рӯй медиҳанд. Моҳи апрели соли гузашта заминларзаи шадид дар ҷанубу шӯарқи Эрон мунҷар ба ҳалокати 40 нафар шуда буд.

Мудҳиштарин заминҷунбӣ дар қарни 21 дар Эрон моҳи декабри соли 2003 ба вуқӯъ пайваста буд – он вақт дар ин офати табиӣ дар шаҳри бостонии Бам 26 ҳазор нафар ҷон бохта буданд.

XS
SM
MD
LG