Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тундравҳои исломиро барои қатли ом муттаҳам медонанд


Тундравҳои давлати иломии Ироқ ва Шом барои куштори садҳо нафар дар Сурияву Ироқ муттаҳам дониста мешаванд. Як гурӯҳи ҳуқуқи башари Сурия 16 август гуфт, ки дар вилояти шарқии Дейр Эззор дар ду ҳафтаи охир 700 нафар аз як қабила кушта шудаанд.

Дар Ироқ мақомот мегӯянд, ки 15 август дар яке аз рустоҳои вилояти Ненива 80 нафар язидиҳоро ба қатл расондаанд ва занону кӯдаконро боздошт кардаанд.

Дар ҳамин ҳол нируҳои курд бо ҳимояти ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико дар атрофи обанбори Мосул ҳамларо оғоз кардаанд. Тундравҳо ин минтақаро 7 август ба тасаррйфи худ дароварда буданд. Ин обанбор барои тавлиди барқ дар минтақа ва обёрӣ хеле муҳим аст.

Тундравҳои давлати исломии Ироқ ва Шом аз замони оғози ҳамлаҳои худ манотиқи зиёдеро дар Сурияву Ироқ ба даст даровардаанд.

XS
SM
MD
LG