Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Украина аз ҳаққи эълони таҳримҳо бархӯрдор шуд


Парлумони Украина рӯзи панҷшанбе, 14 август, тарҳи қонунеро пазируфт, ки ба ҳукумат барои таҳмили таҳримҳо алайҳи Русия иҷоза медиҳад. Ба феҳристи таҳримҳои Киев 172 мансабдор ва 65 корзонаву муассиса дар Русия ва дигар кишварҳо шомил шудаанд, ки ҷудоихоҳони шарқи Украинаро сармоягузорӣ ва пуштибонӣ мекунанд. Ба ин қонун 244 вакили Верховная Рада раъй доданд.

Дар пешнависи қонун ҳамчунин иҷозаи сензураи расонаҳое, ки ба амнияти милли Украина таҳдид мекунанд, пешниҳод шуда буд. Аммо вакилон ин нуктаро аз тарҳи ниҳоии қонун берун карданд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар гуфтанд, ки иҷозаи сензура озодии матбуотро маҳдуд мекард ва маънии бозгашти Украина ба давраи сензураи беамони шӯравиро дошт.

Нахуствазири Украина Арсений Ятсенюк ва вакилони Верховная Рада барои қабули қонун дар бораи тарҳимҳо изҳори сипос кард ва тасмими онҳоро як гоми таърихӣ номид.

XS
SM
MD
LG