Пайвандҳои дастрасӣ

Шоми китобхонӣ дар Боғи Рӯдакӣ (ВИДЕО ва АКС)


Шоми 12-уми август зимни баргузории чорабиние таҳти унвони «Биёед, китоб мехонем!», бештар аз 1000 китоб ба ҷавонону наврасон ва дӯстдорони китоб эҳдо шуд.

Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон шоми 12-уми август дар Боғи Рӯдакии шаҳри Душанбе аксия ё худ иқдоми «Биёед, китоб мехонем!» баргузор шуд, ки ҳазор китоб ба сокинон ройгон тақдим шуд. Ба садҳо ҷавонону наврасоне, ки ба боғ барои фароғат омада буданд, китобҳо тавзеъ шуд ва ҳамин тавр шоми дирӯз нишастгоҳҳои боғи Рӯдакӣ пур аз китобхон буд.

Ҷалолиддин Нуров, як масъули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чунин иқдом дар Тоҷикистон бори нахуст роҳандозӣ шуд ва то охири сол идома хоҳад кард. Ҳазор китобе, ки ба ҷавонону наврасон ва дӯстдорони китоб тақдим карда шуд, тавассути ихтиёриён аз ташкилоту муассиса ва аз шахсони алоҳида ҷамъоварӣ шудаааст.

Мақсад аз баргузории иқдомро масъулон дар ҷалби бештари ҷавонон ба китобхонӣ унвон карданд. Масъулони баргузории ин чорабинӣ гуфтанд, ки иқдоми “Биёед. китоб мехонем!” дар Рӯзи байналмиллалии ҷавонон барои дастгирии маънавии ин қишри ҷомеа роҳандозӣ шудааст.

Алишер, хонандаи синфи чорум, ки шоми 12-уми август дар Боғи Рӯдакӣ бо ӯ вохӯрдем дар даст китоб дошт ва гуфт, ки ин китобро аз ин чорабинӣ гирифтааст. Алишер, ки ҳамроҳи модараш ба ин чорабинӣ омада буд гуфт, дӯстдори китоб аст ва мехоҳад ингуна чорабиниҳо бештар шавад.

Шаҳноза, ҳамсӯҳбати навраси дигари Радиои Озодӣ, ки дар яке аз нишастгоҳҳои Боғи Рӯдакӣ ҳамроҳи ҳамсолонаш ба китобхонӣ машғул буд, гуфт, ки дар вақти таътили тобистона баргузор кардани чунин чорабинӣ онҳоро ба китобхонӣ бештар ҷалб мекунад.

Аксияи "Биёед, китоб мехонем"” дар ҳоле роҳандозӣ мешавад, ки ҷомеа аз кам шудани таваҷҷӯҳи мардум ба китобхонӣ ҳарф мезанад. Ба назари баъзе рӯшанфикрон, ингуна чорабиниҳоро бештар дар мактаб ва муассисаҳои таълимӣ ҳам бояд роҳандозӣ кард.

Шералӣ Азизов, як сокини шаҳр, ки ҳамроҳи писараш ба чорабинии “Биёед, китоб мехонем!” омада буд гуфт, ки ҳарчанд ба фарзандонаш барои китобхонӣ тамоми шароитро фароҳам овардааст, аммо бо сабаби кам будани рафиқони китобхон, фарзандонаш ба китобхонӣ таваҷҷуҳи хоса намедиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG