Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марҷонаи 14-сола ба хонаашон баргашт


Духтараки чаҳордаҳсолае, ки рӯзи 11-уми август дар шаҳри Кулоб, бенишон шуд, ба хонаашон баргаштааст ва хешовандонаш мегӯянд, бинобар нофаҳмие аз ҷойи ҳузури Марҷона бехабар мондаанд. Парвиз Абдуллоев, тағои Марҷонаи Сангинмад рӯзи 13-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Марҷона рӯзи 11-уми август ба хонаи дугона ва ҳамсинфаш рафтааст, вале худаш сиҳату саломат ба хона баргашт. Пештар аз ин Парвиз Абдуллоев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Марҷона рӯзи 11-уми август, тақрибан соати 13:10 аз хонаи бибиаш дар кӯчаи Базарная берун омада ва ба хонаи худашон кӯчаи Хати роҳ (фурудгоҳи кӯҳна) дар Кулоб раҳсипор шудааст, вале бедарак аст. Мақомоти умури дохилии ноҳияи Кулоб низ баъди ин ҳодиса ба ҷустуҷӯи Марҷона шурӯъ карданд.

XS
SM
MD
LG