Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистону Русия роҳи ҷангиён ба Сурияро мегиранд


Нишасти Ҳайтаҳои мушовараи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия, ки дар Қайроқум барои як рӯз идома кард, бо имзои як протокол оид ба «Барномаи ҳамкорӣ барои соли 2015» ба анҷом расид. Шариф Назаров, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки нишасти ҳайати мушовараи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия ҷонибҳо ба рушди ҳамкории ду ҷониба дар роҳи мубориза бо терроризм, экстремиз, ошкор кардани ҷиноятҳои шабкавӣ ва боздошти ҷинояткорон дар қаламрави кишварҳои якдигар таъкид карданд. Дар нишасти мазкур вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев бо дарназардошти таҳкими амният дар марзҳои Тоҷикистону Русия таъкид кардааст, ки ҷангиёне, ки дар қаламрави Сурия, Африқои шимолӣ ва дар дигар кишварҳо меҷанганд, аз қаламрави Тоҷикистону Русия убур мекунанд ва аз ин рӯ имтидоди марзи ин кишварҳо мустаҳкам шуда, чораҳои иловагӣ бо такя ба ҳамкории муштараки ниҳодҳои ду кишвар дида шавад.

Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилии Тоҷикистон низ зарурати таҳкими ҳамкориҳои якҷоя бо ниҳодҳои умури дохилаи Русияро зикр намуда, гуфтааст, ки барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои террористӣ, экстремистӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилоот ҷиҳати боздошти ҷинояткорони фирорӣ ва омода намудани кадрҳои професионалӣ равобити дуҷониба муҳим аст. Владимир Колоколтсев дар поёни ин нишаст ҳамтои тоҷики худ Рамазон Раҳимзодаро ба нишони ҳамкории бештар медали «Барои хизмати шоён» сарафроз гардонд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷаи ҳамкории мақомоти умури дохилаи Тоҷикистону Русия дар шаш моҳи аввали соли равон 63 нафаре, ки дар Русия ҷингоят кардаву дар Тоҷикистон пинҳон шуда буданд, аз ҷониби мақомоти умури дохилаи Тоҷикистон боздошт ва ба мақомоти Русия таслим карда шудаанд ва дар айни замон 92 шаҳрванди Тоҷикистон, ки пас аз даст задан ба ҷиноят ба Русия, фирор кардаву паноҳ бурда буданд, аз тарафи мақомоти полиси Русия дастгир ва ба Душанбе истирдод шгудаанд.

XS
SM
MD
LG