Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олии Ироқ аз номзадии Моликӣ дифоъ кард


Нурӣ ал Моликӣ
Нурӣ ал Моликӣ

Додгоҳи олии Ироқ тасмим гирифтааст, ки эътилофи Нури ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ бузургтарин ҷиноҳ дар порламон ба шумор меравад ва Моликӣ бояд дар мақоми нахуствазирӣ боқӣ бимонад.

Аъзои эътилофи шиаҳои Моликӣ баъд аз тасмими 11 августи Додгоҳи Олӣ гуфтаанд, ки акнун раиси ҷумҳур бояд аз Моликӣ бихоҳад, ки кобинаи нави ҳукуматро ташкил диҳад. Баъд аз интихоботи моҳи апрел то ҳол Моликӣ кафили мақоми нахуствазири кишвар аст ва дархости сунниҳо, курдҳо ва баъзе шиаҳоро дар бораи истеъфо нодида гирифтааст.

Моликӣ аз соли 2006 ба ин сӯ мақоми нахуствазириро дар Ироқ бар уҳда дорад ва вайро барои ташдиди муноқишаҳои мазҳабӣ муттаҳам медонанд.

Моликӣ иддао дорад, ки бар зидди Фуод Маъсум-раиси ҷумҳури нави Ироқ барои нақзи Қонуни Асосӣ парванда таҳия мекунад.

Нурӣ ал Моликӣ, ки эътилофи зери раҳбарии вай дар интихоботи моҳи апрели соли ҷорӣ аксари курсиҳоро ба даст овард, раиси ҷумҳури навро муттаҳам кард, ки натавонистааст, нахуствазири навро муаррифӣ кунад. Вашингтон гуфтааст, ки аз Фуод Маъсум ба унвони зомини риояти Қонуни Асосӣ ҳимоят мекунад.

XS
SM
MD
LG