Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

100 нафар зиндониён аз маҳбас гурехтаанд


Дар шарқи Украина тақрибан 100 нафар маҳбусон аз зиндоне дар шаҳри Донетск фирор кардаанд. Фирори онҳо баъд аз он муяссар шудааст, ки дар даргириҳои миёни нируҳои ҷудоихоҳ бо нируҳои ҳукуматӣ аз оташи тӯпхона истифода кардаанд.

Бино ба гузоришҳо, дар оташи тӯпхона як зиндонӣ кушта шудааст. Шаҳрдории Донетск дар эъломияе гуфтааст, ки дар ин зиндон ҷинояткорони хатарнок нигаҳдорӣ мешуданд.

Максим Ровенский-сухангӯи шаҳрдорӣ гуфтааст, ки дар зиндон ононе низ буданд, ки барои куштор, дуздиву ғорат ва таҷовуз ба номус мӯҳлати ҳабси худро сипарӣ мекарданд.

Аз сӯи дигар, низомиёни Украина мегӯянд, ки ҳукумат барои ба контроли худ даровардани шаҳри Донетск омодагӣ мегирад. Ба гуфтаи ин манбаъ, нируҳои Киев роҳи иртиботии Донетскро аз Луҳанск қатъ кардаанд. Луҳанск низ дар дасти ҷудоихоҳон аст.

XS
SM
MD
LG