Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин зарбаҳои ҳавоии Амрико ба нируҳои ДИИШ


Ҷон Кирбӣ-сухангӯи вазорати дифои Амрико мегӯяд, 8 август ҳавопаймоҳои низомии Амрико ба мавозеи тӯпхонаи нируҳои Давлвати Исломии Ироқ ва Шом зарбаҳои ҳавоӣ ворид карданд. Тӯпхонаи нируҳои Давлати Исломии Ироқ ва Шом ба курдҳо, ки шаҳри Ирбилро ҳимоя мекунанд, ҳамла бурда буданд. Ҳавопаймоҳо ба тӯпхонаи муҳаррики Давлати Исломии Ироқ ва Шом бомбаҳои ҳидоятшавандаи лазерӣ партоб карданд.

Кирбӣ гуфт, тундравҳли исломӣ ба нируҳои курд аз тӯпхона ҳамла кардаанд. Дар ин шаҳр шаҳрвандони Амрико низ ҳастанд.

Дар остонаи зарбаҳои ҳавопаймоҳои Амрико ба нируҳои ДИИШ Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико иҷоза дод, то низомиён дар сурати зарурат барои дифоъ аз низомиёни Амрико ва кормандони дипломатии кишвараш дар шимоли Ироқ дар шаҳри Ирбил бар зидди тундравҳои исломӣ ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом диҳанд.

Обама гуфт, барои ҳамин ба ҳамлаҳои ҳавоӣ иҷоза додааст, то дар сурати зарурат ба нируҳои Ироқ кӯмак шавад ва муҳосираи шаҳрвандон хотима ёбад. Ба гуфтаи Обама, ҳоло ҳавопаймоҳои Амрико ба язидиҳои дар муҳосира қарор дошта аз ҳаво кӯмакҳои башарӣ мепартоянд. Ҳазорон нафари онҳо дар дар кӯҳи Синҷар беобу нон мондаанд.

Даҳҳо ҳазор нафар язидиҳо ва масеҳиҳо қабл аз расидани нируҳои Давлати Исломӣ хонаҳои худро тарк ва ба ин кӯҳистонҳо фирор кардаанд.

XS
SM
MD
LG