Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барқи тоҷик" 1 млн сомонӣ қарзи "Сангтӯда-1"-ро пардохт


Ширкати «Барқи тоҷик» мегӯяд, дар зарфи як моҳе, ки гузашт, аз ҳаҷми умумии қарзе, ки дар назди нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1» дошт, тавонистааст наздики як миллион сомониро пардохт кунад. Як мақоми ширкати "Барқи тоҷик" имрӯз, 8 август ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски дар фасли гармо оби обанборҳо афзуда, истеҳсоли барқро бештар мешавад, ширкати "Барқи тоҷик" тавонист қарзи худро дар назди «Сангтӯда-1», ки ба 418 миллион сомонӣ баробар буд, коҳиш дода, ба 417 миллион сомонӣ расонад. Тибқи гузориши нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», ширкати «Барқи тоҷик» дар моҳи июл 418 миллиону 70 ҳазор сомонӣ қарздор буд. Ширкати «Барқи тоҷик» мегӯяд, ҳарчанд ҳамагӣ як миллион сомони коҳши ёфтани қарз дар назди "Сангтӯда-1" ночиз аст, вале тайи ду соли ахир аст, ки "Барқи тоҷик" марҳила ба марҳила қарзи худро мепардозад, вале танҳо дар фасли зимистон мушкил пеш хоҳад омад ва ба афзун шудани мизони қарз мусоидат мекунад. Зимнан нерӯгоҳи "Сангтуда -1" низ дар сомонааш навиштааст, ки қарзи ширкати "Барқи тоҷик" дар авоили моҳи август 417 миллион 87 ҳазор сомониро дар бар гирифтааст, ки дар ҳафтаи гузашта ин рақам ба 418 миллиону 70 ҳазор сомонӣ баробар буд. Дар аввали моҳи апрели соли равон ҳаҷми қарзи ширкати «Барқи тоҷик» 409 миллиону 65 ҳазор сомониро дар бар мегирифт, ки дар моҳи март ин нишондод ба 386 миллион сомонӣ баробар буд. Масъулони ширкати «Барқи тоҷик» мегӯянд, ҳаҷми баргардонидани қарзи "Сангтӯда-1"ро афзоиш дода, ҳар моҳ то 300 ҳазор сомонӣ қарзро пӯшиш медиҳанд. Зеро дар фасли гармо тавони истеҳсоли неруи барқ афзуда ва имкони содироти он низ бештар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG