Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шоир ва тарҷумони маъруфи рус мегӯяд, ки на фақат назми тоҷикон, балки зиндагии тоҷиконаро ҳам дӯст медорад

Михаил Синелников, шоир ва тарҷумони рус, барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ эълон шуд. Ин ҷоиза ба ӯ барои китоби “Огненние знаки” ё “Нишонаҳои оташ”, ки аз шеърҳо дар бораи Тоҷикистон ва тарҷумаи ашъори шоирони тоҷик мураттаб шудааст, эъто гардид. Михаил Синелников ашъори даҳҳо шоири бузурги форсу тоҷик, ба шумули Рӯдакиву Ҳофизу Саъдиву Хайёму Румӣ ва шоирони муосири тоҷик, аз ҷумла, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ, Бозор, Ҳабибулло Файзуллоро ба забони русӣ баргардон кардааст.

Аз ин пеш соли 1967 дигар шоиру тарҷумони рус Владимир Державин ҳам барои тарҷумаи осори бузургони адабиёти форсу тоҷик ба ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ мушарраф шуда буд.

Дар як сӯҳбати вижа аз шоиру тарҷумони маъруфи рус пурсидем, ки муҳаббаташ ба адабиёти форсу тоҷик аз куҷо сарчашма мегирад, аз айёми зиндагӣ дар шаҳри Фрунзе, Бишкеки имрӯз, ё солҳои баъд?

-Аслан, солҳои наврасии ман на дар Бишкек балки дар Ӯш сипарӣ шудаанд ва роҳи Ӯш-Хоруғ барои ман аз он овон ошност... Ман дар оилаи фарҳангиён чашм ба олами ҳастӣ кушодам ва аз ин рӯз ҳанӯз аз наврасӣ аз бузургиву шаҳомати назми форсу тоҷик бохабар будам, албатта, тавассути тарҷумаҳо. Аз синни тақрибан 12-солагӣ ба мутолиаи ашъори Ҳофизу Ҷомиву Бедил шурӯъ кардам, дар овони наврасӣ ба ман романҳои Садриддин Айнӣ ҳам таъсири амиқ доштанд. Баъдан, пас аз муқими шаҳри Маскав шудан дар соли 1969, ман ба тарҷумаи шеър пардохтам, аввал шеърҳои шоирони тоҷикро баргардон мекардам, баъдан ба тарҷумаи ашъори бузургони Аҷам шурӯъ кардам. Барои ман он айём ошноӣ бо шоири тоҷик Ҳабибулло Файзулло хело муҳим буд, ошное, ки ба дӯстӣ табдил шуд. Мо ҳамроҳ дар курсҳои олии адабӣ дар Маскав дар семинари Александр Петрович Межиров таҳсил мекардем, ки маро ба адабиёт раҳнамоӣ карда буд. Межиров ману Ҳабибуллоро бо ҳам ошно кард ва дӯстии мо аз ҳамон вақт шурӯъ шуд. Он солҳо мо ҳамроҳ бо Ҳабибулло ба Тоҷикистон рафтем ва шефтаи ин диёр шудам. Ман ҳоло ҳам ба Тоҷикистон рафтанро дӯст медорам, ба вижа, айёме, ки дашту даману боғҳо гулпӯшанд. Воқеъан, ман то ҳол робитаамро ба хонавода ва пайвандони Ҳабибулло идома медиҳам... Хуб, солҳои баъдӣ бо шоирони бузурги тоҷик, аз ҷумла, бо Мирзо Турсунзода, бо Лоиқи он замон хело ҷавон ва даҳҳо нафари дигар ошноӣ пайдо кардам...

-Бигӯед, ёд доред, ки бори аввал шеъри кадом шоири тоҷикро тарҷума кардаед?

-Ҳамин тавр шуд, ки ман тарҷумаро аз осори Ҳабибулло Файзулло шурӯъ кардам. Аммо баъдан ашъори шоирони зиёдеро ба русӣ баргардонидам, шеърҳои Аминҷон Шукуҳиро, достони “Гаҳвораи Сино”-и Мӯъмин Қаноатро... Фикр мекунам, ки баъзе тарҷумаҳои шеърҳои Бозор Собир муваффақ буданд, баъзе шеърҳои Лоиқ ҳам. Аммо хело пештар аз ин, ман шеърҳои Аҳмади Донишро, ки дар сафар ба Петербург иншо шуда буданд, тарҷума кардам. Солҳои баркамолӣ бештар ба тарҷумаи осори бузургони шеъри форсу тоҷик – Рӯдакӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Саноӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигарон машғул будам. Ман ба адабиёти форсу тоҷик арҷи зиёд мегузорам ва онро яке аз бузургтарин адабиёти олам мешуморам...

-Тарҷума, ба вижа, тарҷумаи шеър заҳмати сангин аст... Оё боре шудааст, ки ин заҳмат водоратон карда бошад то барои чанд муддат қоғазу қаламро канор гузошта бошед?

-Бале, ин кори воқеъан сангин аст ва баъзеҳо ҳатто мегӯянд, ки тарҷумаи шеър аслан номумкин аст. Аз нигоҳи ман, вақте шеър на тарҷумон, балки шоир тарҷума мекунад, ҳарчанд ба тарҷумаи комили он муваффақ намешавад, аммо ба мӯҳтавои он шеър хело наздик тарҷума мекунад... Аз

Оромгоҳи Ҷалолиддини Румӣ дар Куния

Оромгоҳи Ҷалолиддини Румӣ дар Куния

осори Умари Хайём фақат ду рубоиро, аз нигоҳи худам, муваффақ тарҷума кардам ва фақат онҳоро дар китобҳоям ҷой медиҳам. Аммо шоире, ки тарҷумаи ашъораш воқеъан рушвор аст, Мавлоно Румист. Дар нигоҳи аввал достонҳои “Маснавии Маънавӣ” чун як масал ба назар мерасанд ва аммо вақте ба кор шурӯъ мекунед, мебинед, фалсафа ё ирфон дар онҳо чунин амиқ аст, ки тарҷумаи баъзе аз пораҳо тақрибан номумкин аст... Вақте “Анталогияи адабиёти форсу тоҷик”-ро таҳия мекардам, бароям аз ҳама душвор тарҷумаи ашъори Румӣ буд, сари баъзе мисраъҳо соатҳо андеша мекардам. Баъд аз супурдани китоб ба нашриёт саёҳати Туркия пеш омад ва касе тасодуфан пешниҳод кард, ки ба шаҳри Куния равем. Ман, ки ҳама он рӯзҳо банди андеша дар бораи шеъри баланди Румӣ будам, ҳеҷ тасаввур намекардам, ки дар ин шаҳр ба зиёрати оромгоҳи ин шоири бузурги зодаи Балх муваффақ мешавам...

-Шумо Анталогия ё девони шеърҳои адибони рус дар бораи тоҷикону Тоҷикистонро омодаи чоп кардаед, ки зимнан, нахустин ин гуна девон аст... Бигӯед, ки дар адабиёти рус вожаи “тоҷик” кай бори аввал ворид шудааст?

-Албатта, вожаи “тоҷик” дар назми рус баъдтар пайдо шуд, аммо мо бояд дар назар бигирем, ки қарнҳои пеш Бухоро асосан тоҷикнишин буд, ва аз ин рӯ дар ашъори шоирони рус вожаи “бухороӣ” истифода мешуд. Ин вожаро дар осори Пушкин метавон пайдо кард...

-Дар осори Пушкин?..

Бале, ва ҳатто пеш аз он ҳам... Зимнан, Пушкин пӯшидани хилъати бухороиву дар сар тоқӣ ё кӯлоҳи бухороӣ ниҳоданро хело дӯст медошт ва ба ин дар шеърҳояш ишора кардааст. Дар асри “нуқрагин”, баъзе аз шоирони рус, аз ҷумла, Константин Липскеров, ҳамроҳ бо Лилия Брик ва шавҳараш Брик, ки ин зимнан, хонаводаи ояндаи Владимир Маяковский мебошад, ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, ба Хуҷанд рафтанд ва Липскеров беҳтарин сонетаҳои худро он ҷо эҷод кард. Липскеров он қадар шефтаи Осиёи Миёна, шаҳрҳои Бухорову Самарқанду Хуҷанд шуд, ки якумрӣ мӯътоди ин минтақа монд ва ин дар ашъораш, ки миёни онҳо шеърҳои олӣ ҳам кам нестанд, таҷассум ёфтааст. Ӯ баъдан шоирони классики форсу тоҷикро ҳам тарҷума кард... Аммо баъзе шоирони рус Эронзаминро сутудаанд. Ин гуна шеърҳоро солҳо пеш аз Пушкин дар осори Гавриил Державин метавон пайдо кард. Валерий Брюсов дар бораи Бохтари бузург шеър навишта буд. Дар осори Александр Велтман - дӯсти Пушкин шеърҳо дар бораи Зардушт зиёданд ва дар онҳо мавзеъҳои таърихие номбар шудаанд, ки дар қаламрави феълии Тоҷикистон ҷойгиранд ва ман ин гуна шеърҳоро низ ба Анталогия ворид кардам.

Ва, албатта, шоирони бузурги шӯравӣ – Николай Тихонов, Владимир Луговской, муаллифи достони маъруфи "Хирманҷо", Сергей Марков... ин феҳрист тулонӣ ва аз даҳҳо шоирон иборат аст, дар бораи тоҷикону Тоҷикистон асарҳои хуб офариданд... Ҳама шеърҳои ба мардуми тоҷику Тоҷикистон бахшидаи онҳо ба Анталогия ворид карда шудаанд...

-Ҳангоми тарҷумаи осори бузургоне чун Рӯдакиву Ҳофизу Ҷомӣ ва Қаноату Бозор оё аз имкони омӯхтани забони ин абармардони шеър андеша накардаед?

-Ман, албатта, тасаввуроти андаке дар бораи забони тоҷикӣ дорам ва вожаву калимаҳои зиёдеро азбар кардаам. Агар ҷавонтар мебудам, ман бо камоли майл барои омӯхтани забон муқими ягон рустои тоҷикӣ мешудам. Ман на фақат назми тоҷикон, балки зиндагии тоҷиконаро ҳам дӯст медорам. Айёми тифлии ман дар водии Фарғона, дар наздикиҳои Тоҷикистон, гузаштааст ва фикр мекунам, ки маҳз дар Тоҷикистон, назар ба дигар кишварҳо бештар осоре аз тифлии худ меёбам. Вақте дар хиёбонҳои Душанбе қадам мезанам, эҳсос мекунам, ки аз нав ҷавон мешавам. Албатта, забони тоҷикӣ – забони илоҳист, ман тасаввур мекунам, ки ин забон барои офаридани шеър чӣ нерӯи бузурге дорад. Ман заррае шакку шубҳа надорам, ки Худованд ин забонро маҳз барои шеър гуфтан офаридааст. Агар солҳои ҷавонӣ дар он ҷо мезистам, ин забонро ҳатман ба хубӣ меомӯхтам...

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG