Пайвандҳои дастрасӣ

Сарбозони украинӣ гуруснанишинӣ мекунанд


Фармондеҳи сарбозони украинӣ, ки ба қаламрави Русия ворид шуданд, мегӯяд, бисёре аз онҳо бинобар шароити нигаҳдориашон гуруснанишинӣ мекунанд. Андрей Ҳришченко, фармондеҳи дивизияи 72-уми пиёдагарди артиши Украина, рӯзи 6-уми август ба бахши украинии Радиои Озодӣ гуфт, сарбозон ҳоло дар як урдӯгоҳе нигаҳ дошта мешаванд, ки мақомоти Русия дар назди посгоҳи марзии Гуково дуруст кардаанд. Маълум нест, чанд нафар сарбозони украинӣ гуруснанишинӣ мекунанд. Агар гузоришҳо дар бораи теъдоди сарбозони украинӣ, ки баъди убури марзи Русия ба кишварашон баргаштанд, дуруст бошад, айни замон дар Русия 66 сарбози дигар боқӣ мондаанд. Ба қавли Андрей Ҳришченко, Хадамоти Федеролии Амнияти Русия саъй кардааст, ки сарбозони украиниро барои кор ба он ниҳод ҷалб кунад. Ӯ афзуд, сарбозонаш муддати ду моҳ алайҳи ҷудоихоҳони Русия «далерона» ҷангиданд ва «натиҷаҳои маъмулӣ» ба даст оварданд. Ин сарбозон баъди тамом шудани захираи аслиҳа ва дар муҳосира монданашон ба Русия фирор карданд.

XS
SM
MD
LG