Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Душанбе сабқати ҷаҳонии таэквондо оғоз ёфт. АКС/ВИДЕО


Имрӯз, 7-уми август, дар Душанбе мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквондо ITF байни наврасон ва собиқадорон шурӯъ шуд.

Дар мусобиқоти ҷаҳонии таэквондо ITF, ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон баргузор шудааст, беш аз 600 варзишгар аз 52 кишвар ширкат меварзанд.

Мусобиқот дар Душанбе, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, то рӯзи 10-уми август идома хоҳад кард. Дар доираи ин мусобиқот наврасон барои 14 маҷмӯи медалҳо ва собиқадорон барои 10 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд. Рақобатҳо дар ду гурӯҳ - байни наврасони 14-15-сола ва 16-17-сола - сурат мегирад. Дар мусобиқаи собиқадорон варзишгарони синнашон 40-сола ва аз он боло ширкат варзида, дар се гурӯҳ рақобат мекунанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 43 варзишгар, аз он ҷумла 20 духтар, намояндагӣ мекунанд. Дар мусобиқаи собиқадорон чаҳор варзишгари тоҷик қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Дар як нишасти хабарӣ, ки дар арафаи ин мусобиқот дар Душанбе доир гардид, зикр шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон барои баргузории ин мусобиқот 600 ҳазор сомонӣ ихтисос додааст. Инчунин Федератсияи миллии таэквон-до (ИТФ) ва кикбоксинги Тоҷикистон якҷо бо шариконаш барои ин мусобиқот 400 ҳазор сомонӣ масраф кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, 6-уми август Чанг УНГ, раиси Федератсиони байналмилалии таэквондо (ITF), раиси Кумитаи намудҳои якҳарбаи Созмони кулли федератсияҳои варзишии GAISF-ро, ки барои ширкат дар мусобиқоти ҷаҳонӣ ба Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт.

Чунон ки дар сомонаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон зикр шудааст, дар мулоқот доир ба омодагӣ ва ҷараёни мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквондо (ITF) байни наврасон ва собиқадорон дар Душанбе, инчунин рушди ҳамкорӣ дар ин соҳа гуфтугӯй сурат гирифт.

Чанг Унг ба омодагии Тоҷикистон барои ташкил ва гузарондани ин чорабинии муҳими ҷаҳонии варзиш баҳои баланд дода, ба Эмомалӣ Раҳмон ва масъулони соҳа арзи сипос намуд.

Ҳамчунин ба дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар ин бахши варзиш, ки дар мусобиқоти минтақавию ҷаҳонӣ натиҷаҳои хеле баланд нишон медиҳанд, баҳои сазовор дода шуд.

Дар охири мулоқот ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон камарбанди сиёҳи сатҳи 9-ум бо гувоҳиномаи он ва кимоно супурда шуд, ки нишона аз қадрдонии олии Федератсияи байналмилалии таэквондо (ITF) мебошад. Дарвоқеъ, камарбанди сиёҳи дани 9-ум дар низоми таэквондо қуллаи аз ҳама баландтарини ин варзиш ба шумор меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG