Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эълони барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ дар соли 2014


Кумитаи ҷоизаҳои давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ номи чаҳор барандаи нави ин мукофотро эълон кард. Бино бар қарор ҳукумати Тоҷикистон адабиётшинос Атахон Сайфуллоев барои китоби «Уфуқҳои нави наср», шоир Мирзо Файзалӣ барои силсилаи шеърҳо, шоири рус Михаил Синелников барои тарҷумаи осори адибони тоҷик ба забони русӣ ва силдсилаи шеърҳои «Нишонаҳои оташин» ва ҳунаршинос Рустам Муқимов барои китоби «Донишномаи ёдгориҳои тамаддуни ориёӣ дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон» барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соли 2014 эълон шуданд.

XS
SM
MD
LG