Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни вараҷаи Эбола ба 932 нафар расид


Теъдоди қурбониёни вараҷаи Эбола дар Африқои ғарбӣ то 932 нафар афзоиш ёфт. Дар изҳороти Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ки рӯзи 6 август нашр шуд, омадааст, фақат тайи се рӯз – аз 2 то 4 август 45 нафар аз мубталоёни маризӣ аз олам даргузаштанд. Ба иттилои ин созмон, айни ҳол 1711 нафар ба ин вараҷа гирифторанд ва бештари ин ҳодисаҳо дар Либерия сабт шудаанд.

Дар Женева рӯзи 6 август нишасти изтирории ҷомеъаи тиббии ҷаҳон дар робита ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии вараҷаи Эбола дар кишварҳои Африқои ғарбӣ шурӯъ шуд. Табибони олам мавзӯи кор гирифтан аз чораҳои оҷил, аз ҷумла, маҳдудсозии ҳаракату равуои мардум ба кишварҳои гирифтори ваборо баррасӣ мекунанд. То рӯзи панҷшанбе коршиносони Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар мавриди эълон кардан ё накардани вазъи изтирории ҷаҳонӣ дар бахши тандурустӣ тасмим бигиранд.

Шурӯъ аз моҳи феврали соли равон дар Гвинея, Либерия, Сьерра-Леоне ва Нигерия аз вабои Эбола тақрибан 900 нафар ба ҳалокат расиданд. Коршиносони аршади байнулмилалӣ даъват мекунанд, ки барои мубориза бо Эбола аз дорувори дар ҳоли санҷишу таҷруба истифода шавад.

XS
SM
MD
LG