Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вакили мудофеъ бо гумони сирқати 100 000 доллар боздошт шуд


Оҷонсии зидди фасод корманди маркази ҳуқуқии «Ҳамкории адвокатҳо»-и шаҳри Душанбе Алишер Файзуллоевро бо иттиҳоми «қаллобӣ» боздошт кардааст.

Намояндаи Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон мегӯяд, зидди вакили мудофеъ, адвокати маркази ҳуқуқии «Ҳамкории адвокатҳо»-и шаҳри Душанбе Алишер Файзуллоев тибқи бандҳои 247 «қаллобӣ» ва 340-и қонуни кайфарӣ -- «сохтакории ҳуҷҷатҳо» -- парванда боз карда, ӯро ба дуздии 100 000 доллар айбдор кард.

Ин манбаъ рӯзи 6-уми август ба радиои Озодӣ гуфт, ки адвокат Алишер Файзуллоев аз соли 20102 то 2013 беш аз 10 ҷиноят содир карда, бо роҳи қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо ба афроди зериҳимояи худ ҳудуди 100 ҳазор доллар зарар расонидааст

Феълан Алишер Файзуллоев дар боздоштгоҳи мувақатии Оҷонсии зидди коррупсия қарор дошта дар авоили ҳамин ҳафта бо зерҳимояаш Светлана Порхулева рӯ ба рӯ карда шудааст. Тавре Оҷонсии зидди коррупсия мегӯяд, хонум Порхулева аз Алишер барои пайдо кардани сарпарастор (опекун) муроҷиат мекунад, вале ӯ бо истифода аз вазифаи ҳуқуқиаш худро сарпарасти ин зани солманд таъин намуда, манзили Порхулеваро ба 55 ҳазор доллар фурӯхтааст.

«Светлана Порхулева ба назди Алишер Файзуллоев омада, мегӯяд, ки муносибаташ бо духтараш бад шуда парсатор суроғ дорад ва агар парастори хуб бошад манзили зисташро пас аз маргаш тавсия медиҳад, лекин адвокат кампири Светланаро ба хонаи худ бурда таҳти парастории худаш қарор дод ва бо у қарордоди хариду фуруши манзилашро дар моҳи сентябри соли гузашта ба имзо расонад,» -- мегуяд Оҷонсии зидди фасод

Танҳо пас аз чанд рузи хариду фуруши манзил ва соҳиб шудан ба хонаи Светлана Порхулева Алишер Файзуллоев дар таърии 27 сентябр ин манзилро ба номи ҳамсараш дар қайд гузошта ва 9 октябо бо сокини пойтахт Ғалатмо Зуҳурова дар ивази 55 ҳазор доллар мефурушад.

Муфатиши Оҷонсии зидди фасод ҷаноби Ганҷалбеков дар робита ба парвандаи вакили мудофеъ Алишер Файзуллоев мегуяд, ки феълан Файзуллоев ҳамчун гумонбар дониста мешавад ва ҳанӯз тафтишоти пешакӣ дар нисбати вай идома дорад.

Вай меафзояд, Алишер Файзуллоев аз соли 2012 то 2013 бо истифода аз масъулияти адвокатии худ дар муносибат бо зерҳимояҳо ва наздикони онҳо беш аз 10 ҷиноят содир карда бо роҳи қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо ҳудуди 100 ҳазор доллар зарар расонидааст, ки феълан ҳамаи ин ҳолаттҳо мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG