Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир тафтиши парвандаи Хоруғро назорат мекунад


Мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтанд, ки тафтиши парвандаи қатли ду ҷавон дар шаҳри Хоруғро, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ зери назорат гирифтааст. Вазорати умури дохилӣ рӯзи 5-уми август бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки гурӯҳи фаврии тафтишотӣ аз ҳисоби муфаттишони варзида таъсис шуда ва мутахассисони вазорат барои таҳқиқи марги ду ҷавони 26-сола ба Хоруғ рафтаанд. Ҷасади Сайёд Охонқадамов ва Далер Хушдиловро, субҳи рӯзи 5-уми август бо осори тир дар дохили мошинашон дар маҳаллаи Ниводаки шаҳри Хоруғ пайдо карданд. Маълум нест, ин ҷавононро кӣ ва барои чӣ куштааст. Баъд аз хунрезӣ ва нооромиҳои моҳи май дар шаҳри Хоруғ, қатли ду ҷавони бегуноҳ мояи нигаронии мақомоти интизомӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG