Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аскар Оқоев барои дафни бародараш наёмад


Бино ба гузоришҳо, Аскар Оқоев, раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон, барои ширкат дар маросими дафни бародари калониаш Болот ба Бишкек наомадааст. Хешовандони Аксар Оқоев, рӯзи 4-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки раиси ҷумҳури барканоршуда ният дорад барои дафни бародараш ба Бишкек биёяд, вале мақомоти амниятии қирғиз гуфтанд, ки аз хонаводаи Аскар Оқоев танҳои Илим фарзанди ӯ рӯзи 5-уми август аз Маскав ба Бишкек омадааст. Болот Акаев рӯзи 3-уми август дар синни 81 солагӣ даргузашт. Аксар Оқоев баъди барканор шуданаш аз мақоми раиси ҷумҳур дар 9 соли пеш ба Русия рафт ва то ҳол ба Қирғизистон барнагаштааст. Ӯ айни замон дар Донишгоҳи Давлатии Маскав дарс мегӯяд. Аскар Оқоев дар Қирғизистон ба чанд ҷиноят муттаҳам мешавад ва ӯро соли 2010 аз ҳаққи масуният маҳрум карданд.

XS
SM
MD
LG