Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як рӯдхонаи Бангладеш киштӣ бо мусофирон ғарқ шуд


Як киштӣ бо тақрибан 200 мусофир рӯзи 4 август дар рӯдхонаи Падма, тақрибан 30 километр аз шаҳри Дакка, пойтахти Бангладеш, ғарқ шуд. Мақомоти маҳаллӣ хабар доданд, ки беш аз 40 тан аз мусофирони киштӣ наҷот дода шуданд.

Дар бораи теъдоди қурбониён то ҳол иттилои дақиқ мавҷуд нест. Ба иттилои полис, дар киштӣ аз меъёр бештар мусофирон нишаста буданд ва рӯдхона ҳам пурхурӯш буд.

Айни ҳол наҷотбахшон аз хадамоти нақлиёти дарёӣ ва низомиёни артиш барои амалиёти наҷот сафарбар шудаанд.

XS
SM
MD
LG