Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти вакилони Ш.Қудратов аз қарори додгоҳи Фирдавсӣ


Додгоҳи шаҳри Душанбе аризаи шикоятии вакили мудофеи Шӯҳрат Қудратов дар мавриди қарори додгоҳи Фирдавсӣ оид ба ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтани Қудратовро баррасӣ хоҳад кард. Раҳматулло Зоиров, вакили мудофеъи Шӯҳрат Қудратов рӯзи 1 август бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки имрӯз додгоҳи пойтахт бар асоси аризаи онҳо ҳукми додгоҳи Фирдавсӣ оид ба 2 моҳ ба ҳабс гирифтани Қудратовро баррасӣ хоҳад кард. Оқои Зоиров гуфт, ки онҳо бо аризаи шикоятӣ аз додгоҳи пойтахт мехоҳанд, ки ҳукми додгоҳи Фирдасӣ дар мавриди 2 моҳи ҳабсро ба ҳабси хонагӣ, яъне «берун нарафтан аз ҷои истиқомат» иваз кунад. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 23 июл ҳукми худ дар мавриди ба ҳабси пешакӣ гирифтани Шӯҳрат Қудратовро содир карда буд. Пас аз он Шӯҳрат Қудратов, ба тавқифгоҳи Оҷонсии зидди коррупсия оварда шуда пас аз чанд рӯз ба СИЗО интиқол дода шуд.

Шӯҳрат Қудратов рӯзи 21 июл дастгир шуд. Ӯ рӯзи боздошташ ҳангоми бозҷӯии дафтари кории ӯ дар бинои "Соҳибкорон" аз тарафи кормандони Оҷонсии зидди коррупсия ба хабарнигорон гуфт, ки пора нагирифтааст.

Шӯҳрат Қудратов дар чандин парвандаи пурсарусадо аз ҷумла аз вазири собиқи умури дохилаи Тоҷикистон Ёқуб Салимов, вазири собиқи саноат Зайд Саидов ва Диловаршо Қосимов - гумонбари асосӣ дар қатли Холмӯъмин Сафаров, раиси идораи ҷангал ва язнаи президенти Тоҷикистон ва Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" ҳимоят кардааст.

XS
SM
MD
LG