Пайвандҳои дастрасӣ

Мирослав Ниёзов: "Фардо барои ҳалли мушкилоти марзӣ дер хоҳад шуд"


Мирослав Ниёзов баъд аз тақрибан ду моҳи пазируфта шуданаш дар мақоми сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон аз ҳафтаи оянда ба ифои вазифа дар шаҳри Душанбе шурӯъ мекунад.

Сафири Қирғизистон дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ рӯзи 31 июл гуфт, ки тайи як моҳи ахир ӯ машғули таҳияи аснод барои ташкили консулгарии Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд буд. Ба гуфтаи Мирослав Ниёзов, қарор аст, ки аз соли оянда дар Хуҷанд консулгарии Қирғизистон ва дар шаҳри Ӯш консулгарии Тоҷикистон таъсис шаванд. Дипломати қирғиз мегӯяд, айни ҳол баррасии ин масъала идома дорад ва он бояд аввал аз роҳи дипломатӣ ҳал шавад ва сипас он ба бӯҷаи соли 2015 ворид карда шавад. “Ман заррае шубҳа надорам, ки ташкили консулгариҳо барои фавритар дарёфт кардани иттилоъ, ҷилавгирӣ аз низоъҳо ва саривақтӣ дар ҳалли онҳо бо мақомоти маҳаллӣ ҳамкорӣ кардан ва ба ин васила коҳиш додан ба шиддати авзоъ мусоидат мекунад”, изҳор намуд Мирослав Ниёзов.

Радиои Озодӣ: Ҷаноби сафир, моҷароҳо дар марзи миёни ноҳияи Исфара ва вилояти Бодканд, ки имсол боиси ҳалокати одамон шуданд, бисёриҳоро нигарон кардаанд ва ба назар мерасад ҳатто эътимод ба ҳамдигарро коҳиш доданд. Биӯед, ки Шумо барномае барои ҳалли ин мушкил ва аз байн бурдани моҷароҳо дар марзҳои миёни Қирғизистону Тоҷикистон доред?

Ниёзов: Айни ҳол комиссиюни байниҳукуматӣ корашро фаъолона пеш мебарад ва ман умедворам, ки он ба тағйироти мусбат меоварад. Чӣ тасмиме, ки гирифта нашавад, агар он ҳарду ҷонибро қонеъ гардонад, бояд чун тасмими хирадмандона пазируфта шавад. Ман, албатта, ҳалли ин мавзӯъро дар авлавияти корам қарор хоҳам дод. Мо медонем, ки мардуми Ворух чарогоҳи кофӣ надоранд, дар Бодканд мардум аз камбуди об танқисӣ мекашанд, дар баъзе аз минтақаҳои марзӣ маъданҳо мавҷуданд, ҳарчанд ҳаҷмашон зиёд нест... Аз ин рӯ, бояд ин мавзӯъро мӯшикофона таҳқиқ кард ва барои ҳали комилаш камар баст, дар акси ҳол дер хоҳад шуд ва барои ду кишвар паёмади хатарбор хоҳад дошт.

Радиои Озодӣ: Шумо ба ҳалли зуди моҷароҳо дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон то куҷо хушбинед?

Ниёзов: Бубинед, бидуни ҳалли баҳсҳои обу замин дар марз Тоҷикистону Қирғизистон наметавонанд ба марҳалаи муҳими ҳамгироии иқтисодӣ ва истифодаи муштараки захираҳои обӣ бирасанд. Ин марҳала ногузир фаро мерасад ва аммо то он вақт ҳама гуна таҳдидҳое, ки ба рушди ду кишвар халал ворид мекунанд, бояд аз байн бурда шаванд. Ҳоло ҳама умед ба кори комиссиюни байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон аст. Кори фаъоли комиссиюн баёнгари он аст, ки ҳарду ҷониб барои ҳалли мушкилоти марзӣ иродаи сиёсӣ доранд.

Радиои Озодй: Баъзе аз таҳлилгарон дар Душанбе мегӯянд, ки ҳалли баҳсҳо дар марз шояд баъд аз баррасии ин мавзӯъ аз сӯи сарони Тоҷикистону Қирғизистон дар нишасти раҳбарони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе мумкин шавад. Дар Бишкек ҳам ин гуна умедвориҳо ба чашм мерасад?

Ниёзов: Росташ, ҳоло дар ин бора чизе гуфта наметавонам... Аммо такрор мекунам, ки ҳама умед ба фаъолияти комиссиюни байниҳукуматист. Фақат метавонам бигӯям, ки ҳарчанд то ҳол комёбиҳои арзишманде ба чашм намерасанд, ин мушкил метавонад ба таври ғайриинтизор ҳаллу фасл шавад...

Ёдовар мешавем, ки Мирослав Ниёзов рӯзи 7 июн аз сӯи парлумони Қирғизистон дар мақоми сафири кишвар дар Тоҷикистон пазируфта шуд. Дар ин симат ӯ Умрат Саралиевро иваз каод, ки аз 20 октябри соли 2010 раҳбарии идораи дипломатии Қирғизистон дар Душанберо бар ӯҳда дошт.

Мирослав Ниёзов 62 сол дорад ва қаблан дар мақомҳои муовини вазири амнияти миллӣ, Дабири Шӯрои амнияти миллии Қирғизистон кор карда, баъд аз истеъфо дар соли 2006 раҳбарии ҳизби Эл-Ормонӣ ва ҷунбиши ҷамъиятии “Барои эҳёи давлатдории Қирғизистон”-ро бар ӯҳда дошт.

Мирослав Ниёзов аз ин пеш ҳам – аз соли 2001 то соли 2005 ҳам сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG