Пайвандҳои дастрасӣ

Палатаи Ҳисоби Тоҷикистон 14 миллион сомонӣ зиёнро фош кард


Палатаи Ҳисоби Тоҷикистон мегӯяд, дар 6 моҳи соли ҷорӣ идораву муассисаҳои давлатӣ ба буҷаи кишвар зиёда аз 14 миллион сомонӣ зарар расондаанд.

Санҷиши Палатаи Ҳисоб дар Кумитаи Андози Тоҷикистон беш аз 2 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор кардааст. Дилмурод Давлатзода гуфт, тартиби андозсупорӣ аз сӯйи бархе аз корхонаҳои хурду бузург дуруст риоя намешавад. Ба қавли ӯ, ҳангоми пешниҳоди ҳисобот аксар корхонаҳои андозҳои худро пинҳон медоранд ва як сабаби дур мондан аз андозбандӣ ҳам дар сари вақт назорат нашудани муассисаҳост. Ҷаноби Давлатзода афзуд: «Таҳлилҳо нишон доданд, ки гарчанде, ки қисми даромади буҷа дар соли 2013 ба андозаи сад дар сад иҷро шуда бошад ҳам, аммо аз ҳисоби иҷро нагардидани 3 намудани андоз ба буҷа ба андозаи 107 миллион сомонӣ маблағ камтар ворид шудааст.»

Дар пайи санҷиши худ Палатаи Ҳисоби кишвар ба кормандони кумитаи андоз тавсиа додааст, ки назоратро дар ин самт дуруст ба роҳ монанд. Дар натиҷаи ин санҷишҳои Палатаи Ҳисоб 57 нафар шахсони масъул барои камбудиҳо ҷазои маъмурӣ ва моддӣ гирифта шуда, як нафар аз кор озод шудааст. Палатаи Ҳисоби кишвар расман сар аз соли 2011 ба фаъолият шурӯъ кардааст ва як мақоми олии назорати молиявӣ аст. Аммо раҳбари он Аммо раҳбари он Дилмурод Давлатзода мегӯяд, сохтори ин ниҳод дар қонун то ба ҳол мушаххас нашудааст.

XS
SM
MD
LG