Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Украина дар мақомаш мемонад


Порлумони Украина дархости истеъфои Арсений Ятсенюк, нахуствазири ин кишварро рад кард. Дар раъйдиҳии рӯзи 31-уми июл танҳо 19 вакили мардумӣ дархости ӯро пазируфтанд, вале 109 вакил раъйи мухолиф доданд. Порлумон пеш аз ин раъйдиҳӣ, тарҳи санадеро қабул кард, ки нахуствазири Украина онро барои маблағгузории амалиёти низомӣ алайҳи ҷудоихоҳони тарафдори Русия пешниҳод карда буд. Баъди ихтилофи назар дар бораи тарҳи ислоҳшудаи буҷаи Украина ва қабул нашудани пешниҳодҳои ҳукумат, ду ҳизб аз ҳукумати эътилофӣ хориҷ шуданд ва Арсений Ятсенюк рӯзи 24-уми июл гуфт, ки аз мақомаш истеъфо медиҳад. Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина аз вакилони мардумӣ хост, ки бо рафъи ихтилофоти назарашон имкон бидиҳанд, ки порлумон ба кораш идома бидиҳад.

XS
SM
MD
LG