Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ барои раҳбари ҲНИТ дар Бадахшон 8 сол зиндон талаб кард


Айбдоркунандаи давлатӣ аз додситонии Ванҷ аз додгоҳи ҳамин ноҳия барои Саодатшоҳ Адолатов, раҳбари созмони ҲНИТ дар Бадахшон 8 соли маҳкумият ба зиндонро талаб кардааст. Завқибек Раҳмонов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ванҷ рӯзи 30 июл бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озоди гуфт, ки дар мурофиаи ниҳоии Саодатшо Адолатов, ки субҳи чоршанбе баргузор шуд, айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ талаб кард, ки ин масъули ҲНИТ ба 8 соли зиндон муҷозот карда шавад. Саодатшоҳ Адолатов бо аломатҳои ҷиноятӣ бар асои моддаи 189-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо ҷурми «барангехтани кинаву адовати динӣ", инчунин "тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин" айбдор дониста мешавад. Ҷаноби Раҳмонов мегӯяд, интизор меравад дар нимаи дуввуми имрӯз додгоҳ ҳукми худ дар нисбати Саодатшоҳ Адолатовро эълон кунад. Саодатшоҳ Адолатов, раҳбари собиқи созмони ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар вилояти Бадахшон рӯзи 14-уми апрел аз сӯи маъмурони амниятӣ боздошт шуд. "Ховар" -- хабаргузории давлатии Тоҷикистон рӯзи 15 апрел хабар дод, ки Саодатшоҳ Адолатов аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амниятии миллӣ дар ноҳияи Ванҷ бо гумони барангехтани кинаю адовати динӣ миёни ҳамдеҳагонаш боздошт шудааст. Боздошти Адолатов бар асоси шикояти 30 нафар аз сокинони деҳаҳои Мотравн ва Вразни ҷамоати Язгулом ба мақомоти зирабт сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG