Як бомбгузори маргталаб дар Афғонистон бародарзодаи Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури ин кишварро кушт. Давохон Менапал, сухангӯи волии Қандаҳор, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин маргталаб рӯзи 29-уми июл ҳангоми мулоқот бо Ҳашмат Карзай, дар хонаи ӯ дар ноҳияи Данди Қандаҳор бомби бо худ доштаашро тарконд ва як нафари дигарро ҳам кушт. Ин бомбгузор барои табрики Ҳашмат Карзай барои Иди Рамазон ба хонаи ӯ омадааст. Касе масъулияти ин бомбгузориро бар ӯҳда нагирифтааст. Ҳашмат Карзай раҳбари ситоди интихоботии Ашраф Ғанӣ, номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Афғонистон дар вилояти Қандаҳор буд.