Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Турсунзода. Як ҷавон модарашро кушт ва холаашро захмӣ кард


Ба иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 27-уми июл сокини ноҳияи Турсунзода Отабек Давронов дар як муноқишаи хонаводагӣ модари 58-солаашро бо зарби корд ба қатл расонида, холаашро шадидан захмӣ кардааст. Дафтари матбуоти вазорат рӯзи 29 июл бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бар асари мунқишаи оилавӣ Отабек ба дили модараш Ҳанифа Давронова бо корд зарба задааст ва ӯ дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст.

Замони ин муноқиша Мавҷуда Осимова -- холаи Отабек, ки аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров меҳмонӣ омада будааст, мехоҳад онҳоро халос кунад, вале Отабек ба холааш низ ҳамла намуда, бо корд дар пешонӣ ва шикамаш мезанад.

Феълан вазъи Мавҷуда Осимова вазнин буда зери назорати табибон қарор дорад. Гурӯҳи кормандони шӯъбаи умури дохилаи Турсунзода дар ҳоли ҳозир тафтишоти пешакӣ анҷом медиҳанд.

XS
SM
MD
LG