Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз дуздии 100 килограм симоб пешгирӣ карданд


Корхонаи симоб
Корхонаи симоб

Дар шаҳри Темиртау дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон аз дуздии миқдори зиёди симоб аз корхонае пешгирӣ кардаанд. Дар ин бора дафтари матбуотии раёсати корҳои дохилаи вилоят ба матбуот хабар додааст.

Дафтари матбуотӣ рӯзи душанбе хабар дод, ки кормандони пулис рӯзи шанбе як сокини 35 солаи Шимкент ва як сокини 29 солаи Темиртауро боздошт кардаанд.

Бар зидди ин ду нафар барои дуздии 100 килограм симоб парванда боз шудааст. Расидагӣ ба ин амали дуздӣ идома дорад.

XS
SM
MD
LG