Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Донетск ва Луҳанск задухӯрдҳо идома доранд


Шаҳрдори Кременчуг Олег Бобоев рӯзи шанбе бар асари сӯиқасд кушта шуд. Ӯ дар ҳоле ҳадафи тири афроди ношинос қарор гирифт, ки савори мошин сӯи дафтараш мерафт. Бар асари ҷароҳатҳои сангин шаҳрдор дар ҷойи ҳодиса ҷон дод.

Шаби гуашта манзили Андрей Садовий, раиси шаҳри Лвов, воқеъ дар ғарби Украина ҳам тирборон шуд. Дар ин ҳодиса ба касе осеб нараисд, зеро шаҳрдор ва аҳли хонаводааш дар манзил набуданд.

Дар ҳамин ҳол бархӯрдҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳони рустабор дар шарқи Украина идома меёбанд. Ба иттилои расонаҳои украинӣ, шабонарӯзи гузашта дар Луҳанск нӯҳ кас кушта ва тақрибан 30 нафар маҷрӯҳ шуданд. Бар асари оташи тӯпхона дар шаҳри Донетск ба чанд манзили зист осеби ҷиддӣ расид. Мавқеъҳои нерӯҳои ҳукуматӣ дасти кам панҷ бор ҳадафи тирборон қарор гирифтанд.

XS
SM
MD
LG