Пайвандҳои дастрасӣ

2,2 млрд доллар қарзи берунии Тоҷикистон


Тибқи иттилои вазорати молияи Тоҷикистон, маблағи қарзи умумии берунии кишвар маблағи 2, 2 миллиард доллари амрикоиро ташкил додааст. Ҷамолиддин Нуралиев, муовини вазири молияи Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 25 июл зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи нахусти соли ҷории ин ниҳоди давлатӣ дар нишасти матбуотӣ гуфт, маблуғи умумии қарзи берунии Тоҷикистон ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ, 2, 2 миллиард доллари амрикоиро ташкил дода ва ба 21, 9 дар сади Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ баробар гардидааст. Бо ин ҳам ҷаноби Нуралиев, мегӯяд, мудирияти қарзи давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шудаааст. Аз ҷумла ба таъкиди ҷаноби Нуралиев, хидматрасонӣ ва пардохти қарзи берунии Тоҷикистон ба маблағи 67 миллион доллари амрикоӣ таъмин карда шудааст, ки барои пардохти қарзи асосӣ 51, 3 миллион доллари иамрикоӣ равона карда шудааст. Аммо муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон гуфт, ки қарзи дохилии давлатӣ бошад, ба 1 июли соли 2014 - 2, 3 миллион сомониро ташкил додааст, ки ба 4, 7 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ барорбар мебошад. Дар ҳамин ҳол ба иттилои Ҷамолиддин Нуралиев, дар давраи ҳисоботӣ барои хизҳматрасонии қарзи дохилӣ, 55 миллион сомонӣ сарф шудааст.

XS
SM
MD
LG