Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давоми 6 моҳ дар Тоҷикистон 45 зиндонӣ фавтидааст


Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар зиндонҳои кишвар 45 маҳбус фавт кардааст. Рустами Шоҳмурод (Менглиев), вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи 23-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, марги ин зиндониён асосан бар асари беморӣ буда, дар ин муддат ягон ҳодисаи худкушӣ сабт нашудааст. Бино ба маълумоти ин мақомдори тоҷик, феълан дар маҳбасҳои кишвар, беш аз 10 ҳазор зиндонӣ нигаҳдорӣ мешаванд, ки аз ин теъдод 307 нафаррашро занон ҳастанд. Шумораи ноболиғон 61 нафар ҳисоб шудааст. Рустами Шоҳмурод ҳамчунин афзуд, дар назар аст, то соли 2016 маҳбаси нав воқеъ дар шаҳраки Ваҳдат, ки бунёдаш соли 2008 оғоз шуда буд, ба истифода дода шавад. Ҳамзамон дар ояндаи наздик бунёди ду зиндони нав дар нақша гирифта шудааст.

Вазири адлияи Тоҷикистон мегӯяд, дар муддати 6 моҳи соли ҷорӣ никоҳ бо хориҷиён дар кишвар ба маротиб коҳиш ёфта ҳамагӣ 95 ҳолатро ташкил додааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки соле пеш ин рақам ба 137 баробар буд. Гуфта мешавад, асосан никоҳ бо шаҳврнандони Русия, Узбакистон ва Афғонитсон сурат гирифтааст. Ҷаноби Шоҳмурод кам шудани чунин никоҳҳоро ба амалӣ шудани қонуни издивоҷ бо хориҷиён рабт дод, ки он хориҷиёнро вазифадор мекунад, пеш аз издивоҷ бо шаҳрванди Тоҷикистон, ҳамсари ояндаи худро бо манзили зист таъмин кунанд. Шарти дигар ин аст, ки шаҳрванди хориҷӣ бояд як соли охир дар Тоҷикистон зиста бошад.

XS
SM
MD
LG