Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи додгоҳии шаҳрванди Тоҷикистон дар Гурҷистон


Дар додгоҳи шаҳри Батумии Гурҷистон мурофиаи додгоҳии як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба иттиҳоми қочоқи инсон боздошт шудааст, идома дорад. Раиси додгоҳ рӯзи 22 июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиаи парвандаа Заррина Асророваи 40-сола ҳанӯз рӯзи 26 июн оғоз шуда буд ва то кунун чанд ҷаласаи он баргузор шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, ҷаласаи навбатӣ рӯзи 28 август доир мешавад. Вазорати умури дохилии Гурҷистон мегӯяд, ки шаҳрванди Тоҷикистон Заррина А-ро, ки дар ин кишвар бо гумони даллагӣ боздошт шудааст, аз 7 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Заррина А дар таърихи 27 майи соли ҷорӣ аз сӯи кормандони шӯъба мубориза бо қочоқи инсон ва муҳоҷирати ғайриқонунии вазорати корҳои дохилии Гурҷистон дар шаҳри Батуми боздошт шудааст. Ба гуфтаи пулиси гурҷӣ, Заррина А. ба иттиҳоми қочоқи инсон, аз ҷумла дар иртибот ба қазияи шаҳрванди дигари ҳамин кишвар Баргигул Р,боздошт шудааст. Вазорати хориҷаи Гурҷистон дар шарҳи боздошти Заррина А. ба Озодӣ гуфт, ӯ аз манзиле, ки ба таври муваққатӣ ба сар мебурд, дастгир шудааст

Тибқи маълумоти аввалия, 7 декабри соли 2012 шаҳрванди Тоҷикистон Заррина А. шаҳрванди Баргигул Р.-ро бо ваъдаи маоши баланд заминаи сафари ӯ ба Гурҷистонро фароҳам намуда, баробари ба шаҳри Батуми расидан, шиносномаи ӯро гирифта, аз таърихи 7 декабри ҳамон сол то моҳи сентябри соли 2013 ба мақсади истисмори шаҳвонӣ истифода карда ва пулҳои аз ин роҳ ба даст омадаро ба ҷайби худ мезадааст.

XS
SM
MD
LG