Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷудоихоҳон нишонаҳои суқути ҳавопайморо нобуд мекунанд


Ҷудоихоҳон дар назди пораҳои ҳавопаймо
Ҷудоихоҳон дар назди пораҳои ҳавопаймо

Ҳукумати Украина мегӯяд, ки шӯришиёни ҷонибдори Русия дар шарқи Украина бо кӯмаки Русия нишонаҳои суқути ҳавопаймои Малайзияро аз байн мебаранд. Ин ҳавопаймо 17 июл ҳангоми парвоз бар фарози минтақае, ки дар контроли ҷудоихоҳон қарор дорад, ба замин сарзер шуд ва ҳамаи 298 нафар мусофирону халабонони ҳавопаймо кушта шуданд.

Дар эъломияи ҳукумати Украина, ки рӯзи 19 июл ба нашр расид, гуфта мешавад, ки террористҳо бо кӯмаки Русия талош доранд нишонаҳои ин ҷурми байналмиллалиро аз байн бибаранд.

Дар эъломия ҳамчунин омадааст, ки ҷудоихоҳон ҷасади 38 нафарро берун кашидаанд ва дар сардхонаи Донетск ҷой додаанд ва дар сардхона кошиносоне “бо лаҳҷаи сахти русӣ” таҳдид кардаанд, ки онҳо аввал худашон бояд ҷасадҳоро муоина ва бозбинӣ кунанд.

Аз сӯи дигар, коршиносони САҲА 19 июл талош карданд, ки худро ба маҳали суқути ҳавопаймо расонанд, вале ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия аз ин кор пешигирӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG