Пайвандҳои дастрасӣ

Аз 14 то 18 июл дар шаҳри Алма-Ато зери назари Бонки ҷаҳонӣ баҳси намояндагони ҷомиаҳои шаҳрвандии кишварҳои болообу поёноби Осиёи Марказӣ бар сари натиҷаҳои ташхиси тарҳи нерӯгоҳи Роғун доир шуд.

Дар баҳси намояндагони 46 ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони шаш кишварҳои болооб ва поёноб (Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон) ширкат доштанд. Дар нишасти Алма-Ато намояндагон аз ҳукумати Тоҷикистон, ширкати «Нерӯгоҳи «Роғун» ва созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ширкат карданд.

Бонки ҷаҳонӣ рӯзи 18 июл бо пахши як баёния гуфт, дар даври панҷуми машваратҳо, намояндагони кишварҳои поёнобу болооб ҳисоботи кӯтоҳи давраи 2-юми ташхиси фанниву иқтисодӣ ва ташхиси паёмадҳои зистмуҳитӣ ва иҷтимоии нерӯгоҳи Роғунро, ки бо пуштибонии молии Корпортасияи байналмилалии рушд омода шудаанд, баҳс кардаанд.

Ин ду ҳисобот маҳсули ниҳоии ташхиси нерӯгоҳи Роғун аз сӯи коршиносони мустақили ширкатҳои Coyne & Bellier ва Poyry мебошад. Ин ташхисҳо арзёбии амнияти сарбанд, идораи захираҳои обӣ ва истифодаи обанборҳо, таҳлили иқтисодию молиявӣ, сохтани нирӯгоҳ ва чолишҳои марбут ба он, таъсири зистмуҳитӣ ва иҷтимоӣ, таъсир ба кишварҳои атроф ва ҳам таҳлили алтернативаҳои нерӯгоҳи Роғунро дар бар гирифтанд.

Анна Бҷерде, директори омӯзишӣ ва стратегии Бонкӣ Ҷаҳонӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Миёна, ки раҳбарии ин нишастро ба ӯҳда дошт, мегӯяд, ки ин мулоқот нуқтаи болотарин баррасиҳои мақомоти давлатӣ, таҳлилгарони мустақил ва коршиносони байналмилалӣ роҷеъ ба ташхиси нерӯгоҳи Роғун буд. Ба гуфтаи ин масъули Бонки ҷаҳонӣ, тавассути ин раванд онҳо тавонистанд яқин ҳосил кунанд, ки ташхис ба шаффофият рӯбарӯ будааст

Бар пояи ин гузориш, нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун хатарнок нест, вале бояд доимо монитор шавад. Бино ба нақшаи кории Бонки ҷаҳонӣ, шарҳу баррасиҳои ташхиси нерӯгоҳи «Роғун» то 29 июл идома карда ва дар нимаи аввали моҳи август хулоса шуда, бо ҳамин ташхисе, ки асосан бо талаби Узбакистон 4 сол боз идома дорад, ба поён мерасад.

Аз ин қабл, рӯзи 17 июни соли равон Бонки ҷаҳонӣ бо нашри ин аснод эълон дошт, ки дар маҷмӯъ натиҷаҳои ташхиси байналмилалии нерӯгоҳи Роғун мусбат аст, аммо натиҷаҳои ниҳоии ташхиси нерӯгоҳи Роғун танҳо пас аз ба даст овардани назари кишварҳои ҳамсоя, ҷомиаи шаҳрвандӣ ва мардуми маҳаллӣ эълон мешавад. Арзёбии байналмилалии таъсироти зистмуҳитӣ ва иҷтимоии нерӯгоҳи Роғун аз ҷумла мегӯяд, ки ин тарҳ барои муҳити зист дар Тоҷикистон ва минтақа зиёновар нест ва “аксари паёмадҳои сохтмони нерӯгоҳи Роғун бисёр хурд ва ба осонӣ рафъшавандаанд.”

“Арзёбии фанниву иқтисодии нерӯгоҳи Роғун”, ки ширкатҳои “Койне энд Беллер”, “Электроконсалт” ва “Energy+Water Economics” нашр кардаанд, низ мегӯяд, ҳарчанд маҳалли нерӯгоҳи Роғун маҳалли печидаи сейсмологист, вале бо вуҷуди ин барои сохтани нерӯгоҳ мувофиқ аст.

Дар ин арзёбӣ омадааст, беҳтарин интихоби аз назари иқтисодӣ муфид сохтмони садди баландтарини 330-метрӣ аст, ки ба Роғун имкон медиҳад, то 3200 мегаватт нерӯи барқ тавлид ва 115 сол ба Тоҷикистон хидмат кунад. Аммо муаллифон гуфтаанд, ки бунёди нерӯгоҳ бояд бо назардошти имконот сурат гирифта, ”бори гарон” ба гардани ҳукумати Тоҷикистон ва мардумаш нашавад.

Давлати Тоҷикистон нирӯгоҳи Роғунро масъалаи “маргу зиндагӣ” барои кишвар меномад. Ҳоло аксари манотиқи Тоҷикистон дар фасли сармо – маъмулан аз моҳи октябр то поёни апрел – ба лимити шадиди нирӯи барқ дучор мешаванд ва аксари қаламрави кишвар дар ин мавсим дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат барқ мегиранд. Бунёди даҳҳо нирӯгоҳи хурд ва ду нирӯгоҳи миёнаи Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 бори ин лимити барқро сабук карда натавонист. Дар Душанбе мӯътақиданд, ки танҳо дар сурати сохта шудани нирӯгоҳи Роғун лимити барқ дар Тоҷикистон ба афсона табдил хоҳад ёфт.

Аммо кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ ва бахусус давлати Узбакистон шадидан мухолифи сохтани Роғунанд ва мегӯянд, ки дар сурати бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар саргаҳи рӯди Вахш, маҷрои об ба кишварҳои поёноб кам мешавад ва киштзорҳои васеъи онҳо беоб мемонанд. Душанбе мегӯяд, ки ин иддаои кишварҳои поёноб асосе надорад.

Сохтмони нирӯгоҳи Роғун, дар тақрибан 90-километрии шарқи Душанбе, бо иқтидори 3600 мегаватт ва тавони тавлиди 13,1 миллиард киловат/соат нирӯи барқ дар як сол ҳанӯз дар поёни солҳои 70 оғоз ёфта, сарбанди 335-метриаш мебоист баландтарин сарбанди дунё мешуд. Вале бо суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ин сохтмон нотамом монда, дар як сели шадиди баҳори соли 1992 нақбҳои обпартои алакай сохташудааш зери лой монда, тақрибан 70 метр сарбанди бунёдшудаашро ҳам сел шуста бурд.

Ҳоло барои сохтани танҳо навбати аввали ин нирӯгоҳ 590 миллион доллар ва барои бунёди пурраш 2,2 миллиард доллар лозим аст, ки худи давлати Тоҷикистон чунин сармояро надорад.

Покистон дар соли 1992 бо ҳукумати вақти Тоҷикистон қарордод баста, барои Роғун ваъдаи 500 миллион доллар сармоягузорӣ карда буд. Вале ин қарордод дар пайи шурӯи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон иҷро нашуд.

Русия ҳам дар соли 1994 бо имзои як созишномаи байнидавлатӣ сохтани Роғунро бар дӯш гирифт, вале ин тавофуқ низ дар рӯи қоғаз монд. Маскав бори дигар дар соли 2004 ба Роғун чашм дӯхт ва ширкати ба Кремл наздики РусАл бо ваъдаи 600 миллион доллар сармоягузорӣ дар Роғун як муддат дастбакор шуд. Вале баҳси РусАл бо мақомоти тоҷик бар сари баландии сарбанд (РусАл тарафдори 280 метр буду Душанбе ба ҳамон 335 метри қаблӣ пойфишорӣ мекард) ва таркиби маҳсулоте ки барои сохтанаш истифода шавад, боис шуд, ки РусАл аз сохтани Роғун даст кашид.

Ҳукумати Тоҷикистон баъди ин ҳама талошҳои бебарори ҷустуҷӯи сармояи хориҷӣ дар оғози соли 2010 ба шурӯи мустақилонаи ин сохтмони барояш ҳаётан муҳим ибтикор кард ва тавассути як маъракаи нимаиҷбории фурӯши саҳмияҳои Роғун аз мардум ва корхонаҳову ширкатҳо тақрибан 186 миллион доллар ҷамъ овард, вале баъди ҳамагӣ се моҳ маҷбур шуд, таҳти фишори кишварҳои поёноб ва бо дархости созмонҳои байналмилалии молӣ саҳмияфурӯширо қатъ кунад.

Ба дунбол анҷоми ташхиси фанниву иқтисодӣ ва паёмадҳои зистмуҳитии тарҳи нирӯгоҳи Роғунро ба Бонки ҷаҳонӣ супурданд, ки билохира, баъди 4 сол натоиҷи муқаддамотии ин ташхисҳоро дар маърази муҳокима гузошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG