Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Дар Ироқ имсол 5576 тан аз мардуми осоишта кушта шуданд


Созмони Милали Муттаҳид дар як гузориш, ки рӯзи 18 июл нашр шуд, аз ҳалокати дасти кам 5576 сокини осоишта бар асари ҳамлаҳои интиҳориву амалиёти низомӣ дар Ироқ аз оғози соли равон хабар дод.

Дар гузориш омадааст, аз моҳи январ, баъди аз сӯи гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” (ДИИШ) ишғол шудани шаҳри Фалуҷҷаҳ, беш аз 11600 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Фақат моҳи июн, ки ин гурӯҳ бахши аъзами қаламрави шимоли Ироқро таҳти назорат қарор дод, дар набардҳо тақрибан 2400 нафар, аз ҷумла, 1531 тан аз мардуми осоишта ҷон бохтаанд.

СММ дар гузориш ба нақзи пайваста ва ваҳшатбори қавонини байнулмилалӣ аз сӯи ДИИШ ҳам таъкид кардааст.

XS
SM
MD
LG