Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расидагӣ ба парвандаи куштори сафири пешин


Ероси Китсмаришвили
Ероси Китсмаришвили

Дар Гурҷистон расидагӣ ба куштори Ероси Китсмаришвили-сафири пешини ин кишвар дар Русия идома дорад. 15 июл ҷасади вайро дар дохили мошинаш дар гараж пайдо карданд, ки бо захми тир ба сараш ҷон додааст. Дар ин бора бахши гурҷии Радиои Озодӣ хабар дод.

Китсмаришвили дар гузашта соҳиби шабакаи телевизионии Rustavi 2 буд. Бозрасон мегӯянд, ки шахси гумонбар ба ин куштор дар ҷои ҳодиса боздошт шудааст.

Бино ба маълумоте, ки додситонӣ пахш кардааст, Китсмарашвилӣ бо аслиҳае кушта шудааст, ки ҳамон рӯз ба номи вай сабт шудааст. Яке аз таъбирҳои ин ҳодиса худкушӣ номида мешавад. Вале ононе, ки Китсмаришвилиро мешиносанд, мегӯянд, ки вай ҳеҷ гоҳ майли худкушӣ надоштааст.

Вай дар соли 2008 сафири Гурҷистон дар Русия буд.

XS
SM
MD
LG