Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон масъулияти таркиши бозори Пактикоро рад карданд


Толибон гуфтаанд, ки онҳо дар таркиши бозори пуродами вилояти Пактико даст надоранд. Дар ин таркиш 89 нафар кушта шуданд. Аз соли 2001 ба ин сӯ, яъне аз замони вуруди нируҳои эътилоф ба раҳбарии Амрико ин хунинтарин куштор дар Афғонистон ба шумор меравад.

Забиҳуллооҳ Муҷоҳид-сухангӯи Толибон дар изҳороте гуфтааст, ки Толибон чунин ҳамлаҳоро анҷом намедиҳанд ва чунин ҳамлаҳо барои онҳо суде ҳам надорад. Вале мақомоти расмии Афғонистон барои ин таркиш Толибонро гунаҳгор медонанд ва мегӯянд, онҳо мардумеро куштаанд, ки барои моҳи Рамазон маводи хурокӣ мехариданд.

Таҳлилгарон мегӯянд маҳалле, ки дар он ҷо таркиш рух додааст, ҳеҷ гуна аҳамияти стратегӣ надорад, дар он ҷо пойгоҳҳои низомӣ нест ва таъсисоте низ дар атроф набудааст. Дар ин таркиш ҳамаи хонаҳои атроф хароб шудаанд.

XS
SM
MD
LG