Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти мақомҳои интизомии Тоҷикистон ва Қирзистон дар марз


Имрӯз, чоршанбеи 16 июл мақомҳои интизомии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар марзи миёни ду кишвар дидору гуфтугӯ мекунанд. Генерал Шариф Назаров, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ дар ин бора ба хабарнигорон иттилоъ дода ва гуфт, ки қарор аст дидори ҳайатҳои интизомиву марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар сарҳади миёни ду кишвар соати 12 ба вақти маҳаллӣ баргузор шавад. Ба гуфтаи генерал Назаров, ҳайати Тоҷикистонро дар ин мулоқот вай ва ҷониби Қирғизистонро Хурсандмурод Ҳасанов, муовини вазири корҳои дохилии ин кишвар раҳбарӣ мекунанд. Ба таъкиди генерал Назаров, ҳадафи аслии ин мулоқот, баррасии авзои марз ба дунболи ҳордисаҳои ахир дар марзи Исфара ва Бодканд ва ҳамзамон бозрасии хатти кулли марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қаламрави вилоятҳои Суғд ва Бодканд ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди нируҳои иловагӣ, техникаву таҷҳизоти низомӣ аст. Зеро иддае аз сокинони Ворух гуфтаанд, ки пас аз муноқишаи ахир, нируҳои иловагӣ ба хати марз оварда шудааст.

XS
SM
MD
LG