Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Нангарҳор се сарбози НАТО ҷароҳат бардошт


Бар асари ҳамлаи маргталабона дар шарқи Афғонистон се тан аз сарбозони НАТО ҷароҳат бардоштанд. Аҳмадзиё Абдулзай, сухангӯи волии Нангарҳор, рӯзи якшанбе гуфт, ки шоми рӯзи 12 июл дар минтақаи Беҳсуд як маргталаб мошини худро дар канори низомиёни хориҷӣ тарконд.

Масъулияти ҳамларо ҷунбиши “Толибон” бар дӯш гирифт. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ҳамлаҳои толибон дар марҳалаи омодагии нерӯҳои хориҷӣ барои хуруҷ аз кишвар дар поёни соли равон густариш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG