Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоми ҷаҳон: Бразилия ва Ҳуланд барои ҷойи саввум талош мекунанд


Шоми шанбе, 12 июл, дастаҳои Бразилия ва Ҳуланд барои дарёфти мақоми саввум дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол вориди майдо мешаванд.

Бразилия баъд аз шикасти бузург бо ҳисоби 1 бар 7 аз дастаи Олмон дар бозиҳои ниманиҳоӣ умеди мухлисонаш барои дарёфти Ҷоми ҷаҳонро барбод дод.

Дастаи Ҳуланд дар бозии ниманиҳоӣ аз дастаи Аргентина баъд аз пеналти ё зарбаҳо аз ёздаҳ метр бо ҳисоби 2 ба 4 мағлуб шуд.

Қарор аст, ки ситораи футболи Бразилия Неймар, ки қаблан сахт маҷрӯҳ шуда буд, дар бозӣ бо Ҳуланд ба майдон барояд. Дигар бозигари маъруфи бразилиӣ Тиего Силва, ки бар асари кортҳои зарди гирифтааш аз ҳаққи бозӣ бо дастаи Олмон маҳрум шуда буд, низ дар ин бозӣ ширкат хоҳад дошт.

Чаҳор сол пеш дар Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ дар бозиҳои чаҳорякниҳоӣ дастаи Ҳуланд тими Бразилияро бо ҳисоби 2 бар 1 шикаст дода буд. Панҷ бозигаре, ки дар он бозӣ ширкат доштанд, рӯзи шанбе дубора дар рӯ ба рӯи бозигарони бразилӣ қарор мегиранд.

Бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол-2014 миёни дастаҳои Олмон ва Аргентина рӯзи 13 июл баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG