Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркишҳо дар Афғонистон боиси марги даҳ нафар шуданд


Мансабдорони афғон мегӯянд, ки рӯзи шанбе, 12 июл, бар асари таркиши минаҳои канорироҳӣ дасти кам даҳ сокини осоишта ба ҳалокат расид. Дар вилояти Қандаҳор, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, як мошин ба минаи канори роҳ бархӯрд, ки боиси ҷон бохтани 8 нафар гардид. Ду нафари дигар дар ҳамин гуна ҳодиса дар вилояти шарқии Нангарҳор кушта шуданд.

Масъулияти ҳамлаҳоро ягон гурӯҳ бар ӯҳда нагирифтааст, аммо Кобул ангушти иттиҳом сӯи “Толибон” мекунад, ки дар ҳоли омодагии нерӯҳои хориҷӣ барои тарки Афғонистон дар поёни соли равон ҳамлаҳояшро густариш додаанд.

Ин ҳафта Созмони Милали Муттаҳид хабар дод, ки дар нимаи аввали соли 2014 теъдоди сокинони осоиштаи дар Афғонистон кушта шуда назар ба ҳамин давари соли гузашта тақрибан 17 дар сад афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG