Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аввалин мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми Созмони ҳамкории Шанхай


Имрӯз, 11-уми июл, дар Душанбе, дар як ҷаласа дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон масъалаи омодагӣ ба мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол байни наврасон барои Ҷоми Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд.

Дар ин ҷаласа Аҳтам Рустам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, дар бораи Нақшаи чорабиниҳои ташкил ва баргузории аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол байни наврасон барои Ҷоми Созмони ҳамкории Шанхай, ки аз 18-ум то 22-юми август дар Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, баргузор мешавад, иттилоъ дод.

Ҷаноби Абдуллозода иброз дошт, ки ин мусобиқаи байналмилалӣ ба нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи сентябр дар Душанбе доир мегардад ва масъулияти раёсати ҷаласаи навбатии ин созмонро Тоҷикистон бар ӯҳда дорад, бахшида шудааст.

Ба мусобиқа дастаҳои мунтахаби наврасони солҳои таваллудашон 1997-1998 аз кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай – Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Узбакистон - даъват шудаанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа се даста намояндагӣ мекунад.

Пас аз баррасӣ Нақшаи чорабиниҳои ташкил ва баргузории мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми Созмони ҳамкории Шанхай барои тасдиқ ба дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Инчунин дар ин ҷаласа сенарияи маросими ифтитоҳи ботантанаи мусобиқа, ки рӯзи 18-уми август дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад, тасдиқ шуд.

Барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Ҷоми Созмони ҳамкории Шанхай гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки ба ҳайати он раҳбарону намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпӣ, Федератсияи футболи кишвар ва Ассотсиатсияи хабарнигорони риштаи варзиши ҷумҳурӣ дохиланд.

XS
SM
MD
LG