Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доббинс: "Дар Афғонистон низоми номзади пируз короям нест"


Ҷеймс Доббинс
Ҷеймс Доббинс

Ҷеймс Доббинс-фиристодаи вижаи Амрико барои Афғонистону Покистон мегӯяд, номзадҳои раёсати ҷумҳурии Афғонистон барои пешгирӣ аз тақсиму таҷзияи Афғонистон бояд ҳукумати эътилофӣ ташкил диҳанд.

Хадамоти иттилоъотии Блумберг (Bloomberg) аз суханони Доббинс нақли қавл кардааст. Вай дар Вашингтон дар як нишасти хабарӣ дар Ҷомеаи Осиё 9 июл гуфтааст, “низоми номзади пируз дар Афғонистон короям нест”.

Ба гуфтаи вай, “ҳукумати муросои миллӣ, ки дар он ҳамаи унсурҳо ворид мешаванд, ба назари мо, зарурате барои ҳукумати комёб хоҳад буд”.

Ин суханони Доббинс дар ҳоле садо додааст, ки мубоҳисот миёни номзадҳо Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ идома дорад, ки кадоме аз онҳо дар сафи пеши мубориза қарор доранд.

Абдуллоҳ иддао мекунад, ки вай дар интихобот пируз аст, дар ҳоле, ки Кумиссиюни Мустақили Интихоботии Афғонистон эълон кардааст, ки бар асоси натиҷаҳои ибтидоӣ Ашраф Ғанӣ пешсаф аст. Вале ҷониби Абдуллоҳ мегӯяд, ки як миллион рай ба нафъи Ашраф Ғанӣ тақаллуб шудааст.

Қарор аст 11 июл Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико барои баррасии ин бӯҳрон вориди Кобул шавад.

XS
SM
MD
LG