Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва Олланд бо Путин дар бораи Украина сӯҳбат карданд


Раисони ҷумҳуриҳои Фаронса ва Амрико аз ҳамтои руси худ Владимир Путин хостаанд, то ҷудоихоҳони ҳавохоҳи Русияро дар шарқи Украина водор кунад, ки бо Киев ба музокира биншинанд. Раёсати ҷумҳурии Фаронса дар эъломияе гуфтааст, ки Барак Обама ва Франсуа Олланд 45 дақиқа бо Путин сӯҳбати телефонӣ доштаанд.

Онҳо аз Путин хостаанд, то ба ҷудоихоҳон он гуна фишор орад, ки онҳо ба музокира розӣ шаванд. Дар як эъломияи алоҳида Кохи Сафед гуфтааст, ки Обама ва Олланд тасмим гирифтаанд, ки Аврупо дар оянда ба Русия посухи муносиб диҳанд, агар Маскав ба таври фаврӣ барои коҳиши ташаннуҷ дар шарқи Украина иқдом накунад.

Ҳамзамон 7 июл гузоришҳо нашр шуд, ки гӯё ҷудоихоҳон се пулро дар роҳи самти Донетск таркондаанд. Донетск маркази ҷудоихоҳон ба шумор меравад. Пулҳоро замоне тарконданд, ки муовини раиси Шӯрои амнияти миллӣ ва дифои Украина гуфт, нируҳои ҳукуматии Украина муҳосираи Донетск ва Луҳанскро такмил хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG