Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як генерали ироқӣ дар задухӯрдҳо бо ДИИШ


Бар асари даргириҳо дар ғарби Ироқ як генерали артиш ба ҳалокат расид. Қосим Ато, ёвари низомии нахуствазир Нурӣ ал-Моликӣ, рӯзи душанбе, 7 июл, гуфт, ки генерал Наҷим Абдулло Судон аз тири тӯпхона дар мавзеъи Иброҳим бини Алӣ ҷон бохтааст. Ӯ афзуд, ки генерал Судон шаҳид шуд, зеро дар мубориза бо террористҳо кушта шудааст. Қосим Ато аз тавзеҳоти бештар дар бораи ҳалокати генерали артиш худдорӣ намуд.

Мавзеъи Иброҳим бини Алӣ дар вилояти Абу-Ғрейб, воқеъ дар ғарби Бағдод ҷойгир аст. Он ҷо чанд моҳ боз нерӯҳои амниятии Ироқ бо мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” (ДИИШ), ки қаламрави бузург, аз ҷумла, шаҳри Фалуҷҷаҳ ва як бахш аз Ромадиро ишғол кардаанд, вориди набарданд.

XS
SM
MD
LG