Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаҳои ҳавоӣ ба паноҳгоҳҳои тундравҳо дар Покистон


Низомиёни Покистон мегӯянд, ки ҳавопаймоҳои ҷангӣ паноҳгоҳҳои тундравҳоро дар Вазиристони Шимолӣ ба оташ кашидаанд. Низомиёни Покистон даъво мекунанд, ки дар ҳамлаҳои 5 июл шуморе аз тундравҳои узбак ва маҳаллӣ кушта шудаанд.

Дар эъломияе низомиён гуфтаанд, ки ҳавопаймоҳои ҷангӣ маҳаллотеро дар Мироншоҳ-шаҳраки аслии Вазиристони Шимолӣ ва дар рустои Буё баъд аз он ба оташ кашидаанд, ки ба сӯи низомиёни Покистон тирандозӣ сурат гирифтааст.

Низомиёни Покистон дар Вазирситони Шимолӣ, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, амалиёти низомии поксозӣ аз Толибони Покистон, яъне шабакаи Ҳаққонӣ ва аз Толибони Афғонистонро шуруъ кардаанд.

Баъд аз вуруди нируҳои Амрико ва эътилофи байналмиллалӣ ба Афғонистон дар соли 2001 дар минтақаи Вазиристони Шимолии Покистон Ҳаракати Исломии Узбакистон ва гурӯҳҳои мухталифи Ақ Қоида низ ҳузузри қаввӣ доранд.

XS
SM
MD
LG